Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона дар вилояти Пактиё


Ба гуфтаи як мақоми маҳаллӣ, дар натиҷаи ҳамлаи маргталабона дар наздикии пойгоҳи НАТО дар шарқи Афғонистон 45сарбози афғон ва 8 мулкӣ маҷрӯҳ шудаанд. Рӯҳуллоҳ Самун- сухангӯии волии Пактиё гуфт, ҳамлагар мошини бомбгузоришударо дар назди қароргоҳи НАТО дар улусволии Зӯрмат тарконд. Сухангӯи ISAF Эмӣ Ҳессион бо таъйиди ин ҳамла гуфт, дар он чанд сарбози афғон “кушта ё захмӣ” шудаанд. Ӯ афзуд, аз нирӯҳои эътилоф касе дар ин ҳамла осеб надидааст. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид иддао кард, ки ҳамларо толибҳо анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG