Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҷарои нави хобгоҳ. 15 оила дар кӯча монд


Яке аз оилаҳои бесарпаноҳмонда дар Душанбе

Яке аз оилаҳои бесарпаноҳмонда дар Душанбе

Дар пайи баҳси навбатӣ барои хобгоҳ дар маҳаллаи 65-уми шаҳри Душанбе, ҳудуди 15 оила, аз ҷумла кӯдакони навзоду ноболиғ шабро дар кӯча гузаронданд.

Сарварбӣ Наботова, аз ҷумлаи ихроҷшудагон мегӯяд, рӯзи гузашта масъулини Консерваторияи миллӣ, ки хобгоҳ ба онҳо тааллуқ дорад, ҳамроҳ бо иҷрочиёни суд ва милисаҳо омада, бошандагони хобгоҳро «дағалона» пеш карданд.

Хонум Сарварбӣ шикоят дорад, ки мӯҳлати даркориро барои дарёфти ҷои нави истиқомат ба онҳо надодаанд:«Иҷрочиёни суди ноҳияи «Фирдавсӣ» омада, се рӯз мӯҳлат доданд, ки хобгоҳро холӣ кунем. Аммо ин ҷо аксаран оилаҳои камбизоату серфарзанд ҷамъ шудаанд ва тайи се рӯз натавонистанд хонаеро ёбанд. Айни ҳол дар дар Душанбе иҷорапулии хонаи якҳуҷрагӣ то 150 доллари амрикоӣ расидаст.»

Рустам Акбаров, ки оилаи ӯ низ дар қади кӯча мондаст, изҳор дошт, ки қаблан огоҳ набуд, ки бояд хобгоҳро холӣ кунанд: «Агар не ақалан барои кӯдакҳоямон ягон ҷой пайдо мекардем. Айни ҳол ина ҳама бачаҳои мактабхон дар қади кӯча мондаанд.»

Дар робита ба ин қазия масъулини Консерваторияи миллӣ далелҳои худро доранд. Раҷабмад Амиров, ректори Консерваторияи миллӣ мегӯяд донишҷӯён ҳам бе хобгоҳ буда наметавонанд. Ӯ мегӯяд, хобгоҳро таъмири капиталӣ карда, ба ихтиёри донишҷӯёну омӯзгорони консерватория хоҳанд супурд: «Стипендияе, ки донишҷӯён мегиранд, барои як ҳафтаи зиндагӣ кифоя нест, чӣ расад гирифтани хонаи иҷора»

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ҳам ноогоҳона пеш намудани бошандагони хобгоҳро инкор карда, изҳор медоранд, ки ин кор дар доираи қонун сурат гирифтаст. Ба гуфтаи як масъули ШКД-и Фирдавсӣ, ин хобгоҳро ба далели наздикиаш ба бозорҳо аксаран одамони бозорнишин гирифтаанд ва бо вуҷуди доштани имконият намехоҳанд онро тарк намоянд. Дар ҳоле, ки худи муаллимони консерватория ба ҷои истиқомат ниёз доранд, масъулини шӯъбаи корҳои дохила пеш кардани одамони бегонаро ногузир гуфтанд

Дар мавриди он, ки тайи 15 соли истиқомат дар хобгоҳ, оё кушише барои дарёфти хонаи шахсӣ кардаанд, ихроҷшудагон изҳор доштанд, ки маоши гирифтаашон ба ин кор имкон намедиҳад. Миёни рондашудагон аз хобгоҳ чанд кас худро корманди фарҳанг муаррифӣ намуда, маошашонро ночиз арзёбӣ карданд. Наботалӣ, яке аз ихроҷшудагон мегӯяд, барои ҳуҷра дар ин хобгоҳ шуда, дар соҳаи фарҳанг давоми чанд сол ба ивази ҳамагӣ 15 сомонӣ кор мекард.

Дар баробари ин собиқ бошандагони хобгоҳ мегӯянд масъулини ноҳияҳо муроҷиатҳояшонро дар мавриди ҷудо намудани қитъаи замин солҳост, ки сарфи азар мекунанд. Сарварбӣ, ки аз ноҳияи Ҳамадонӣ омадаст изҳор медорад, ки баъди 15 соли беруншавӣ аз қайди ин ноҳия, гирифтани замин он ҷо ҳам мушкил шудаст.

Нафарони ихроҷшуда аз «сангдилӣ»-и масъулони хобгоҳу ноҳия шикоят доранд, ки баробари кӯдакони навзоду ноболиғ занҳои ҳомиладор ва маъюбонро ба кӯча ронда, вазъи онҳоро фаҳмидан намехоҳанд.

Назирбӣ Гарангова, яке аз рондашудагони хобгоҳ мегӯяд, гирифтори касалии сил аст ва ин шабҳои хунуки тирамоҳ, ки дар берун мегузаронад, барояш метавонад маргбор бошанд.

Дар ҳамин ҳол бисёре аз сокинони хобгоҳ изҳор медоранд, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба умеди зиндагии беҳтар дар Душанбе ноҳияҳои худро тарк карда буданд. Акнун бо гузашти 15 сол, ки ба чизе ноил нагардиданд ва дар ноҳияҳо ҳам онҳоро касе интизор нест, дар дуроҳа қарор доранд. Як зани ихроҷшуда мегӯяд шаби гузашта, ки мардум дар берун монданд, баъзеҳо таҳдид ба худкушӣ намуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG