Пайвандҳои дастрасӣ

Кабирӣ: "ҲНИТ бояд мушаххас кунад, кӣ ҳаст ва чӣ мехоҳад"


Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ мегӯяд, баъди амалиёти мақомоти интизомӣ дар Бадахшон, тарафдорони ҳизби онҳо бештар шудааст.

Муҳиддин Кабирӣ зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дар пойтахти Амрико эътироф кард, ки рақами мушаххасе дар ин бора наметавонад, ироа кунад, аммо афзуд, сокинони Бадахшон, бахусус, ҷавонону занон ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон рӯ меоранд, “на ба хотири исломӣ буданаш, балки фақат барои интихоби дигар.”

Баъди қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, мақомоти интизом дар вилоят амалиёте анҷом доданд, ки дар натиҷа 70 нафар кушта шуд. Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, баъди ин амалиёт фишор ба Ҳизби Наҳзат афзоиш ёфта ва ҳамчунон идома дорад. Ӯ ки бо забони русӣ суҳбат мекард, дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки ҳоло ҳизби онҳо 42 ҳазор аъзо дорад ва бештар аз 50 дар сади онҳо занон ҳастанд.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд: “Ҳизби мо ҳамчунин нақши нигаҳдорандаи эътидолро иҷро мекунад. Ин на танҳо ақидаи хусусии ман аст, балки андешаи таҳлилгарони зиёде ки мегӯянд, ба шарофати фаъолияти қонунии ҳизби мо ҷавонони зиёде, ки мехоҳанд, бо назардошти арзишҳои исломӣ ба сиёсат рӯ биёранд, назди мо меоянд, на ба назди созмонҳои махфии тундгаро, ки мутаассифона дар минтақаи мо зиёданд.”

Айни замон Муҳиддин Кабирӣ эътироф кард, ки худи онҳо ҳанӯз дар дохили ҳизб бояд мушаххас кунанд, ки “онҳо кӣ ҳастанд ва чӣ мехоҳанд”. Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар идомаи суҳбаташ дар ҳузури таҳлилгарон ва пажӯҳишгарони Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон гуфт, ҳизбаш қасд дорад, дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли оянда ширкат кунанд, вале ҳанӯз номзади мушаххасе интихоб накардаанд:

“Ҳизби мо тасмим гирифтааст, ки дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад, аммо ҳоло ба қароре наомадаем, ки номзади худро пешбарӣ намоем, ё номзади эътилоферо, ки қасд дорем, таъсис диҳем, ва ё номзади мустақил бошад. Вале ҳизби мо дар интихобот ширкат хоҳад кард, зеро ба назари мо интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон як имтиҳоне барои озмоиши он аст, ки оё дар воқеъ ҳукумат ва аҳзоби мо барои демократисозии ҷомеа омода ҳастанд ва ё на?

Дар суҳбат ва суолу ҷавобе, ки тақрибан 2 соат идома кард, Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин аз он шикоят кард, ки баъзе аз қонунҳои ахире, ки дар Тоҷикистон қабул шуданд, ба нафъи ҷомеа нестанд. Ӯ аз ҷумла қонун дар бораи масъулияти падару модарро мисол овард, ки иҷоза намедиҳад, наврасону ҷавонони то 18 сола ба масҷид бираванд. Раиси ҲНИТ гуфт, нигарониҳои ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз тундгароӣ дар ҷомеаро дарк мекунад, вале гуфт ӯ, аз ин роҳ наметавон монеи тундгароӣ шуд. Муҳиддин Кабирӣ рӯзи сешанбе бо Роберт Блейк, дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мулоқот кард ва қарор аст, барои дидор бо тоҷикони муқими Ню Йорк ба ин шаҳр биравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG