Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CММ: "Тундравон низоъи Сурияро бадтар мекунад"


Аъзои як гурӯҳи тафтишотии Созмони Милал мегӯянд, тундравони хориҷии исломие, ки ба муноқиша дар Сурия ҳамроҳ шудаанд, метавонанд, маҷрои ин низоъро ба нафъи хеш тағйир диҳанд. Рауло Серхио Пинҳейро, раиси гуруҳе, ки мавориди нақзи ҳуқуқ дар Сурияро таҳқиқ мекунад, садҳо тундрави исломие, ки аз хориҷ ба Сурия омадаанд, на барои “бунёди кишвари демократӣ”, балки “барои ғояҳои ифротии худ” меҷанганд. Аъзои ин гурӯҳ гуфтаанд, ки таҳқиқи онҳо нишон медиҳад, ки ин тундравони исломӣ аз 11 кишвар аз ҷумла аз ҳамсоякишварҳо ба Сурия омадаанд. Ба гуфтаи онҳо, нақзи ҳуқуқи инсон дар Сурия тайи моҳҳои ахир бахусус аз тарафи неруҳои ҳукуматӣ ва ҳам аз тарафи шуришиён бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG