Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Обама ва Ромнӣ дар бораи иқтисоди Амрико


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва рақиби ӯ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Митт Ромни дар баҳси дуввуми ру ба руи интихоботӣ дар бораи масоили иқтисодӣ, аз ҷумла молиёт, энержӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба баҳс пардохтанд. Дар ин баҳс дар толори Донишгоҳи Ҳофстра дар шаҳри Ню Йорк Барак Обама, Митт Ромниро ба он муттаҳам кард, ки манфиати мардуми сарватманд ва саноати нафтро ҳимоят мекунад. Ӯ гуфт, Митт Ромни “барномаи якбандӣ дорад, ки тазмин диҳад, то гурӯҳе дар боло бо меъёрҳои дигаре бозӣ кунанд.” Барак Обама афзуд, Митт Ромни омода аст, ба ширкатҳои нафтӣ иҷоза бидиҳад, сиёсатҳои энержии Амрикоро бинависанд. Номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар навбати худ иддаъо кард, дар аҳди чаҳорсолаи Барак Обама, амрикоиҳои камтаре бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико рӯзи 6 ноябр баргузор мешавад. Бино ба назархоҳиҳо, тарафдорони Барак Обама, назар ба ҳаводорони Митт Ромни андаке бештар будааст.
XS
SM
MD
LG