Пайвандҳои дастрасӣ

Кабирӣ мегуяд, тарафдорони ҳизбаш бештар шудааст


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегуяд, баъди амалиёти мақомоти интизомӣ дар Вилояти Бадахшони Куҳӣ дар тобистони имсол, тарафдорони ҳизби онҳо бештар шудааст. Муҳиддин Кабирӣ зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дар пойтахти Амрико эътироф кард, ки рақами мушаххасе дар ин бора наметавонад, аммо афзуд, сокинони Бадахшон, бахусус, ҷавонону занон ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ру меоранд, “на ба хотири исломӣ буданаш, балки фақат барои интихоби дигар.” Баъди қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, мақомоти интизом дар вилоят амалиёте анҷом доданд, ки дар натиҷа 70 нафар кушта шуд. Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, баъди ин амалиёт фишор ба Ҳизби Наҳзат афзоиш ёфта ва ҳамчунон идома дорад.
XS
SM
MD
LG