Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Боку поён ёфт


Эмомалӣ Раҳмон дар Боку
Эмомалӣ Раҳмон дар Боку
Имрӯз боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Боку-пойтахти Озарбойҷон ба поён расид. Вай дар Боку дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат ва суханронӣ кард.

Оқои Раҳмон зимни суханони худ аз кишварҳои узви ин созмон хост, ки дар тарҳҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ, аз қабили тарҳи CASA-1000 сармоягузорӣ кунанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард дар минтақаро муҳим хонд.
XS
SM
MD
LG