Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Соҳиб"-и санги оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон ошкор шуд


Ҳуруфшиносон маълум кардаанд, ки санги катибадори назди оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз ҷониби набераи Амир Темур, маъруф бо номи Темури Ланг, гузошта шудааст.

Хатшиносони тоҷик катибаҳои санги назди оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, мулаққаб ба Ҳазрати Амирҷонро бо барқарор кардани баъзе ҷойҳои шикастаи он ба пуррагӣ мутолиа кардаанд.

Бостоншинос Ҳотамшо Асозода, директори генералии осорхонаҳои Кӯлоб, мегӯяд, хондани катибаҳои ин санг ҳанӯз соли 1993 шурӯъ шуда, аммо бо сабабҳои зиёд, аз ҷумла фарсуда шудани бархе ҳарфҳо, ин кор тӯл кашидааст. Ба гуфтаи ӯ, ин санг аз ҷониби Шайх Муҳаммад Абдуллоҳ гузошта шудааст, ки дар шаҷараномаи дар зери санг ҳаккокишуда, худро набераи Амир Темур муаррифӣ кардааст.

Асозода дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, "дар қисмати болои ин санг аз тарафи рост чанд зикр аз "Авроди фатҳия", аз асари маъруфи Мири Кабир сабт шудааст. Аз қисмати поён чанд ояте аз сураи "Тоҳо"-и Қуръони Шариф омадааст. Аз қисмати чап як рубоӣ сабт шудааст, ки бо сабаби шикастани санг дар солҳои 50-ум ҳамааш маълум нест. Аммо як мисрааш маълум шуд, ки навишта шудааст: "Биҳишти адн ҷои ӯ". Вақте мо моддаи таърих гирифтем, муайян шуд соли 1547, вақти гузоштани ин санг, аст."

Ин бостоншинос мегӯяд, набераи Темури Ланг шояд ба хотири эҳтиром пас аз 156 соли дафни ӯ ин катибаро дар назди оромгоҳи Алии Ҳамадонӣ гузошта бошад. Ин дар ҳолест, ки ин санги гаҳворашаклро бархе аз сокинон бо эҳтиром бӯса мекунанду гоҳе низ дарди дили худро баён дошта, имдод мехоҳанд. Аз ҷумла, занон, ки ба дохили оромгоҳ иҷозаи ворид шудан надоранд, танҳо бо дуо назди ин санг ва мурод талабидан аз Худо ин ҷо иктифо мекунанд.

Бо Сафия Ҳакимзод, сокини ноҳияи Вахш, дар назди оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ вохӯрдем. Ин зан мегӯяд, дар маҳалли зисти онҳо ривоят аст, ки ин санг аз осмон фуруд омада ва ҳар нафаре, ки дар назди он ба Худо муроҷиат мекунад, муродаш ҳосил хоҳад шуд: "Ҳамин қадар медонем, ки чанд бор ин сангро бурдаанд, вале он худ ба ин ҷо баргаштааст. Мо рости гап, ихлос дорем ва ҳар дуое, ки ба Худованд дар назди он санг ва Ҳазрати Амирҷон кардем, қабул шудааст. Барои ҳамин омада ҳамин ҷо оилавӣ зиёрат намуда, дуо мекунем."

Эътиқоди мардум ба ин санг аз он зиёд шуд, ки ба гуфтаи сокинони кӯҳансол солҳои 50-уми асри гузашта ҳангоми берун кардани ин санг дар Кӯлоб тундбоде рух додааст. Ба гуфтаи онҳо корманди руси ҳукумати Кӯлоб амр медиҳад, то ин санг шикаста шавад, вале ҳангоми зарбаи нахустин тундбод рух медиҳад ва он шаб аз фишори баланд он рус ҳалок мешавад.

Сафия Ҳакимзод
Сафия Ҳакимзод
Мамадҳаким Шодиев, як сокини Кӯлоб, ки он замон 8 сол доштааст, мегӯяд, тахминан ин ҳодиса солҳои 56-уми асри гузашта рух дода буд ва ӯ онро ёд дорад. Баъд аз ин, ба гуфтаи ӯ, эҳтиром ба санг зиёд шуд, вале ҳоло пас аз даъвати рӯҳониён, ки бӯса кардани санг куфр аст, зиёраткунандагони он коҳиш ёфтааст: "То ҳамин ду-се соли пеш дар ҳақиқат зиёраткунандаҳои санг зиёд буд. Ҳоло меоянд, марқадро зиёрат мекунанд, вале кам одаме ҳаст, ки сангро зиёрат кунад. Ҳоло дар ҳамон назди дар одам нишастааст ва сокинонро мефаҳмонад, ки чигуна бояд зиёрат кунанд ва сангро набӯсанд."

Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ки бо номи Ҳазрати Амирҷон низ маъруф аст, дар Кӯлоб аз маҳбубияти вижае бархӯрдор аст. Ӯ соли 1314 дар шаҳри Ҳамадони Эрон таваллуд шуда, соли 1386 пас аз сафарҳои тӯлонӣ вафот кардааст ва тибқи васияти шогирдон ӯро дар шаҳри Кӯлоб дафн намудаанд. “Захират-ул-мулук”, “Рисолаи Баҳромшоҳия” аз зумраи осорҳои маъруфи сиёсӣ ва фалсафии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба шумор мераванд.

Дар баробари сокинони одӣ раҳбарони рақами аввали Ҳиндустон, Эрон ва Афғонистон низ оромгоҳи ин шахсиятро зиёрат кардаанд.
XS
SM
MD
LG