Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмонҳои футболи Тоҷикистону Эрон дар бораи баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии Эрон ва Тоҷикистон 6-уми ноябр дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон, ки ғунҷоишаш 100 ҳазор тамошогар аст, соати 16-у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ (соати 15:00 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад.

Ин бозӣ барои тими мунтахаби Эрон як марҳилаи омодагӣ ба даври чаҳоруми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2014 маҳсуб мешавад. 14-уми ноябр мунтахаби Эрон таҳти сарварии мутахассиси португолӣ Карлуш Кейруш дар Теҳрон бо тими миллии Узбакистон рақобат хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Эрон бо ҳам ҳамагӣ се бозӣ анҷом додаанд. Ҳарсе бозӣ дар қарни гузашта доир шуда буд. Нахустин бозии ин дастаҳо 13-уми июни соли 1993 дар доираи мусобиқаи байналмилалӣ дар Теҳрон буд, ки бо пирӯзии мунтахаби Эрон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд.

Бозии дувум миёни тимҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1998-ум дар Бангкок (Тайланд) дар доираи Бозиҳои осиёӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 ба нафъи эрониҳо ба анҷом расида буд.

Бозии охирин 12 сол муқаддам - 28-уми ноябри соли 2000-ум дар Табрез дар доираи бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2002 баргузор шуда буд. Ин бозӣ низ бо пирӯзии тими миллии Эрон бо ҳисоби 2:0 поён ёфтааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG