Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сичев мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ мекунад


Александр Сичев-раҳбари дафтари СММ оид ба назорати маводи мухадир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ сафари худ ба Тоҷикистонро бо мулоқот бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири хориҷаи ин кишвар оғоз хоҳад кард.

Дафтари матбуотии Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷиксон ба радиои Озодӣ гуфт, ки 18 октябр Александр Сичев барои як сафари дурӯза вориди Душанбе хоҳад шуд.

Оқои Сичев бо Сюзан Эллиотт-сафири нави Амрико дар Тоҷикистон ва бо сафирони Ҷопону Белорусия дар Душанбе низ дидор ва гуфтугӯ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG