Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини муҳоҷирон дар Русия зиёд шудаанд


Маркази тадқиқоти сотсиологии Русия, «Левада сентр» дар натиҷаи як назарпурсӣ муайян кардаст, ки муносибати русиягиҳо бо муҳоҷирон бадтар шудаст.
Ба иттилои «Левада сентр» таи ду соли охир мухолифони муҳоҷирон дар Русия аз 45 фоиз то 50 дарсад расидаст. Ҳудуди 45 фоизи русиягиҳо изҳор доштаанд, ки бадие аз намояндагони миллатҳои дигар эҳсос накардаанд ва нисбати муҳоҷирон ҳисси бадбиние надоранд. Аммо 35 фоизи пурсидашудагон дар бисёри камбудиҳои ҳаёташон муҳоҷиронро айбдор арзёбӣ кардаанд. Назарпурсӣ собит кардаст, ки шаҳрвандони Русия асосан аз муҳоҷирони Украина, Молдова, Белорусия ва дигар кишварҳои хориҷи наздик норозиянд. Аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди 1 миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, ки асосан дар бахши сохтмон, хоҷагии қишлоқ ва хизматрасониҳо кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG