Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Доғистон боздошт шудааст


Хабаргузориҳои Русия иттилоъ додаанд, ки кормандони вазорати корҳои дохила ва Хадамоти федеролии амнияти Доғистон як шаҳрванди 40 солаи Тоҷикистонро дар ҷараёни амалиёте боздошт кардаанд.

Бино ба хабарҳо, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз вай ном набурдаанд, ба сафи гурӯҳи махфии ҷинояткори маҳаллӣ пайвастааст. Вай аз моҳи июн то моҳи октябри соли ҷорӣ дар таркиби ин гурӯҳи мусаллаҳи махфӣ дар атрофи Хасавюрт фаъолият кардааст. Раҳбарии ин гурӯҳро шахсе бо номи Дониёл Заргалов бар ӯҳда доштааст.

Дар хабарҳо омадааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон додааст, бо вуҷуди ин вайро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG