Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои раҳоии 3 раҳбари мухолифон дар Қирғизистон


Имрӯз дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон тақрибан 1500 нафар ба эътироз баромаданд ва раҳоии 3 узви порламон аз як ҳизби мухолифро тақозо карданд.

Қамчибек Ташиев, Содир Ҷапаров ва Талант Мамитов, ки раҳбарони ҳизби мухолифи “Ата Журт” мебошанд, барои таҳрики нооромиҳои иҷтимоӣ ва тазоҳуроти хушунатомез боздошт ва муттаҳам шудаанд. 3 октябр дар ин тазоҳурот тақрибан 1000 нафар ширкат дошт.

Комила Талиева-муовини нахуствазир ва Адохон Мадумаров-раҳбари ҳизби “Қирғизистони Муттаҳид” дар Ҷалолобод ба тазоҳуроти имрӯз пайвастанд.

Турсунбек Акун-Омбудсмени Қирғизистон ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки вай бо Алмазбек Атамбаев-раиси ҷумҳур мулоқот анҷом додааст ва раиси ҷумҳур изҳор доштааст, ки ин се нафарро авф хоҳад кард. Вале фармони афви танҳо замоне имзо мешавад, ки бар зидди онҳо ҳукми додгоҳ содир шавад.
XS
SM
MD
LG