Пайвандҳои дастрасӣ

Сахитарин шарикони Тоҷикистон муайян шуданд


Тоҷикистон давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз хориҷа ба маблағи 46 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона гирифтаст. Миёни 38 давлати дуру наздик, ки таи ин муддат ба Тоҷикистон кӯмак кардаанд, Иёлоти муттаҳидаи Амрико саховатмандтарин маҳсуб меёбад. Тибқи иттилои Оҷонсии омор аз маҷмӯи кӯмакҳои гирифтаи Тоҷикистон, 42 фоизаш аз ИМА равона шудаанд. Русия дар рӯйхати саховатмандтарин шарикони Тоҷикистон дар ҷои дуюм меистад, ки саҳмаш дар кӯмакҳои гирифтаи Тоҷикистон 11 фоизро ташкил медиҳад. Ба сифати кӯмаки башардӯстона Тоҷикистон аз ҳама зиёд дорувориро гирифтаст, ки маблағи он ҳудуди 20 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад. Инчунин ба Тоҷикистон давоми нӯҳ моҳ 8.5 ҳазор тонна орд, 515 тонна равған ва дигар намуди озуқаю пӯшока ҳамчун кӯмак ворид гардидаст.
XS
SM
MD
LG