Пайвандҳои дастрасӣ

Британияи Кабир ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардаст


Ҷиҳати шиносоӣ бо муҳит ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон ба Душанбе Дэмион Поттер, роҳбари шӯъбаи тиҷорати Департаменти савдо ва сармоягузории Британияи Кабир омадаст. Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи сафараш Дэмион Поттер бо Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисоду савдо мулоқот намуд. Давлатзод ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Британияи Кабир ва Тоҷикистон имтиёзҳои фароҳамшударо ба меҳмони бритониёгӣ муаррифӣ кардаст. Ҷонибҳо ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаҳои муҳими иқтисоду молия, ба монанди рушди фондҳои биржавӣ, бозори такрории қоғазҳои қиматнок, ташкили ширкатҳои консалтингӣ, сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқро қобили таваҷҷӯҳ гуфтаанд. Айни ҳол сармоягузорони Британияи Кабир асосан дар бахши истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон фаъолият карда, дар коркарди чанд кони тилои кишвар саҳм гузоштаанд. Масъулини Британияи Кабир мегӯянд, масъалаи ҷалби сармоягузорӣ миёни кишварҳои ҷаҳон ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст ва барои вуруди бештари сармоя ба Тоҷикистон зарур мешуморанд, ки шароити кори сармоягузорон дар кишвар беҳтар шавад.
XS
SM
MD
LG