Пайвандҳои дастрасӣ

СММ мегӯяд, бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон беш аз 63 фоизи даромади худро барои озуқа сарф мекунанд.

Имрӯз, 16-уми октябр, дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии озуқа пазируфта шудааст. Масъулони Барномаи ҷаҳонии озуқа мегӯянд, таҷрибаи соли гузашта, ки афзоиши нархи ғизо даҳҳо миллион сокини сайёраро ба вартаи қашшоқӣ бурд, бори дигар исбот намуд, ки ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ бояд таваҷҷӯҳ шавад.

Онҳо дар қатори омилҳое, ки барои густариши гуруснагию қашшоқӣ мусоидат мекунанд, тағйирёбии иқлим, даргириҳои сиёсиву низомӣ ва хушксолиро ном бурдаанд.

Ирфарин Казн, мудири иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқа гуфтааст, онҳо талош доранд мушкили миллионҳо нафарро дар сайёра осон намоянд, вале дар баъзе ҳолат бовар надоранд, ки ёриии онҳо ба дасти табақаи ниёзманд мерасад. Ӯ дар иттилоияе, ки дафтари Созмони ҷаҳонии озуқа интишор додааст, гуфта, ки "барномаи озуқа бо мушкилоти зиёд рӯ барӯ мешавад, то боварӣ ҳосил намояд, ки маҳз табақаи воқеан ниёзманд саривақт кӯмакро гирифтааст."

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта барномаҳои озуқа ҳудуди 100 миллион нафарро дар 75 кишвари ҷаҳон фаро гирифта, 34 миллион кӯдакро бо ғизо таъмин кардаанд. Ҳамзамон Барномаи ҷаҳонии озуқа ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, бо такя ба таҷрибаҳои муосири ҷаҳонӣ, роҳҳои бештар намудани тавлидотро нишон медиҳад.

Алзира Фрейра, мудири Барномаи ҷаҳонии озуқа мегӯяд, дар Тоҷикистон ба кӯдаконе, ки нимгуруснаанд, волидайни онҳо, беморони сил ва дигар табақаҳои ниёзманд ғизои иловагӣ медиҳанд: "Кӯмакҳои Барномаи ҷаҳонии озуқа волидайнро ҳавасманд мекунад, ки фарзандонашонро ба мактаб фиристанд. Дастрасиро ба дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ васеътар месозанд."

Дар Тоҷикистон бо вуҷуди он ки амнияти озуқаворӣ яке аз се самти стратегии сиёсати иқтисодии ҳукумат арзёбӣ мешавад, ду даҳсола боз бозори озуқа пойбанди кишварҳои хориҷӣ боқӣ мондаст. Маҳсулоти гандумӣ, ки ба ҳисоби СММ 60 фоизи хӯроки рӯзонаи мардуми Тоҷикистонро ташкил медиҳад, аксаран аз хориҷ ворид мешавад. Вобастагии зиёд ба маҳсулоти воридотӣ боиси он шуда, ки дар натиҷаи хушксолӣ дар Қазоқистон, нархи орду гандум тайи ду моҳи охир дар бозорҳои Тоҷикистон ҳудуди 50 фоиз афзоиш ёфтааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, афзоиши нархи озуқа ба сатҳи саводнокӣ ва саломатии мардум таъсири манфӣ дорад, чун хоҷагиҳо ночор даромади асосиашонро барои хӯрокворӣ сарф намуда, аз хизматрасониҳои маорифу тандурустӣ маҳрум мемонанд.

Ба гузориши СММ, бисёре аз хонаводаҳои Тоҷикистон бештар аз 63 фоизи даромадашонро барои озуқа сарф мекунанд ва ин нишондод бо мурури гаронишавӣ, афзоиш меёбад. Баробари ин, коршиносони СММ ҳисоб кардаанд, ки соли гузашта 17 дарсад боло рафтани нархҳо, даромади оилаҳои тоҷикро 11 фоиз кам намудаст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG