Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавоби раиси Идораи андоз ба сокинони норозии Панҷ


Раиси Идораи андози ноҳияи Панҷ гуфт, онҳое, ки фавтидаанду номашон ҳанӯз дар қайди хоҷагиҳо боқист, аз пардохти андози ҳифзи иҷтимоӣ озод мешаванд.

Абдурашид Толибов, сардори Идораи андози ноҳияи Панҷ, дар посух ба норозигии бархе аз сокинони ин ноҳия гуфт, афроде, ки фавтидаанду ҳанӯз номашон дар қайди хоҷагиҳо боқист, аз пардохти андоз озод мешаванд. Вай вуҷуди номи сокинони фавтида дар сафи андозсупорандагонро як иштибоҳ хонд, ки ба гуфтаи ӯ "ислоҳ хоҳанд шуд".

Бо ин ҳол, раиси Идораи андоз ё молиёти ноҳияи Панҷ пардохти андози ҳифзи иҷтимоӣ барои се солро хеле ҷиддӣ донист, аммо гуфт, норозигии мардум аз надонистани Кодекси андоз сар задааст. "Ҳатто баъзе сокинони ноҳия ба Додситонии кул шикоят бурдаанд. Ба ин масъала бахши мубориза бо фасод ва додситонии ноҳия низ ҷалб шудаанд",-афзуд ӯ.

Ҷаноби Толибов гуфт, то ба мақоми раиси Идораи андози ноҳияи Панҷ омадани ӯ ба ин масъала камтаваҷҷӯҳӣ зоҳир шуда ва ҳоло мехоҳанд камбудҳои гузаштаро ислоҳ намоянд.

Субҳи рӯзи 16-уми октябр тақрибан 50 сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар назди ҳукумати ин ноҳия ҷамъ омада, аз мақомот талаб карданд, ки масъалаи пардохти "андози ҳифзи иҷтимоӣ" барои се солро барояшон шарҳ диҳанд.

Як сокини ноҳияи Панҷ, ки худро Ҳасан Сайдалиев муаррифӣ кард, рӯзи сешанбе, 16-уми октябр, дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз як ҳафта мешавад, мардум дар ин бора шарҳи рӯшантари мақомоти андози ноҳияро тақозо доранд, аммо онҳо аз рӯ ба рӯ шудан бо мардум ҳазар мекунанд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, якбора барои се сол супоридани 15 сомонӣ, ки беш аз 500 сомонӣ хоҳад шуд, барои сокинон мушкил хоҳад буд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, бисёр хонаводаҳое ҳастанд, ки фарзандҳояшон дар хоҷагиҳо сабт шуда, аммо дар Русия ба сар мебаранд ва ё аъзои хонаводашон фавтидаасту аз руйхати хоҷагӣ берун карда нашудаанд. "Ҳоло ҳукумати ноҳия мехоҳад, аз афроди фавтида ҳам, ки номҳояшон зикр шудааст, барои се сол 15 сомонӣ андоз бигирад",-мегӯяд мусоҳиби мо аз Панҷ.
XS
SM
MD
LG