Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Уилям Фрейзер ба Тоҷикистон меояд


Фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико генерал Уилям Фрейзер ба Тоҷикистон меояд. Дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 16 октябр ба радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки Уилям Фрейзер, фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико тайи як сафари корӣ, дар таърихи 21 ва 22 октябр ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. Қарор аст дар ҷараёни сафари худ генерал Уилям Фрейзер бо раҳбарони як қатор ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев мулоқот намояд. Фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико генерал Уилям Фрейзер 3 уми феврали соли равон низ аз Тоҷикистон дидан намуда буд.
XS
SM
MD
LG