Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ва Ромни бори дуввум баҳс мекунанд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва рақибаш аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Митт Ромни имрӯз бори дуввум дар чаҳорчуби маъракаи интихоботӣ баҳси ру ба ру хоҳанд дошт. Қарор аст, онҳо дар толори бузурги Донишгоҳи Ҳофстра дар шаҳри Ню Йорк тайи 90 дақиқа ба суолҳои мардуми оддӣ посух бигуянд. Суолҳоро пешакӣ барандаи баҳс интихоб кардааст ва аксари онҳо дар бораи масоили дохилӣ ва сиёсати хориҷии Амрикост. Миллионҳо нафар дар саросари Иёлоти Муттаҳида ин баҳсро тамошо хоҳанд кард. Дар баҳси нахустини ду номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико дар рӯзи 4 октябр бино ба назархоҳиҳо Барак Обама назар ба Митт Ромни заъифтар будааст. Интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико 6 ноябр баргузор мешавад ва ҳоло Барак Обама, андаке бештар аз Ромни тарафдор доштааст.
XS
SM
MD
LG