Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирон дар як моҳ 422 миллион доллар фиристодаанд


Бино ба гузоришҳои ғайрирасмӣ, муҳоҷирони тоҷик танҳо дар моҳи сентябр ба кишвар тақрибан 422 миллион доллар фиристодаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин моҳи соли гузашта 11 дар сад зиёд аст. Дар як моҳномаи махсуси Созмони Милал дар бораи Тоҷикистон омадааст, ки бо афзоиши муҳоҷирати корӣ, интиқоли пул ба кишвар назар ба 10 соли гузашта зиёдтар мешавад. Бино ба иттилоъи Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон, дар 9 моҳи гузашта, бештар аз 708 ҳазор нафар кишварро тарк карда ва тақрибан 397 ҳазор нафари дигар ба Тоҷикистон баргаштаанд. Интиқоли пули бештар ба гуфтаи Созмони Милал, ба ҳадде асароти манфии болоравии қимати маводи ғизоӣ барои хонаводаҳои тоҷикро камтар мекунад, аммо фақат он хонаводаҳоро, ки муҳоҷири корӣ доранд.
XS
SM
MD
LG