Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола Юсуфзайро ба Бритониё бурданд


Як духтараки покистонӣ, ки пайваста алайҳи Толибон садо баланд мекард ва ҳафтаи гузашта мавриди ҳамлаи онҳо қарор гирифт, барои муҳофизат ва дармон ба Бритониё бурданд. Малола Юсуфзайро бо ҳавопаймои махсусе, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ихтиёри табибон қарор дод, ба Бритониё бурданд ва у дар бемористони шаҳри Бирмингем муолиҷа мегирад. Малола Соҳибзайро ҳафтаи гузашта дар Дараи Свот вақти аз мактаб берун омаданаш, ҷангҷӯёни Толиб тир заданд. У дар гузашта хотираҳояшро дар бораи ҷиноятҳои Толибон дар маҳалли зисташ ба хабарнигорони хориҷӣ фиристода ва пайваста духтарони покистониро ба таҳсил ташвиқ мекард.
XS
SM
MD
LG