Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти ду созмони ифротгаро аз ҳамла ба Юсуфзай


Толибони Покистон ва Ҳаракати Исломии Узбакистон дар як баёнияи муштарак, ҳамла ба Малола Юсуфзай, духтараки покистониро, ки алайҳи тундравон садо баланд мекунад, кори дуруст хондаанд. Бори аввал аст, ки Таҳрики Толибони Покистон ва Ҳаракати Исломии Узбакистон ҳамроҳ баёния нашр мекунанд, агарчӣ таъйиди воқеъӣ будани изҳороти онҳо ғайримумкин аст. Баёнияи мазкурро, ки ба забони урдуст аз тариқи имейл ба хабарнигорон дар Покистон фиристода ва дар он ҷанги Толибон дар Покистонро ҷанги ду идеология, шариат ва демократия хондаанд. Малола Юсуфзай, ки хотироти худ дар бораи ҷиноятҳои Толибон дар Дараи Свотро ба хабарнигорони хориҷӣ мефиристод, чанд рӯз пеш ҳадафи тир қарор гирифт ва дирӯз уро барои муолиҷа ба Бритониё бурданд.
XS
SM
MD
LG