Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Children of Monday" ва тафреҳи тоҷикона дар Маскав


Ба ҳадафи рангин намудани ҳаёти муҳоҷирон дар диёри ғурбат, се донишҷӯи тоҷик дар Маскав созмони «Children of monday»-ро ташкил кардаанд.

Муассисони «Children of monday» ё "Бачаҳои душанбе" мегӯянд, муҳоҷирон ва умуман ҷавонони тоҷик дар Русия, баробару кору таҳсил ба тафреҳу истироҳат дар ҷамъи ҳамватанони худ ниёз доранд. Ба мусоидати ин созмон сарояндаю ҳунармандони тоҷик акнун зуд-зуд меҳмони муҳоҷирон мешаванд.

Дар робита бо фаъолияти созмони «Children of monday», ки ташкили тафреҳи тоҷикистониёнро дар муҳити тоҷикона ба ӯҳда гирифтаст, бо яке аз муассисони он, Сураҷ Мискиншоев сӯҳбат доштем ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки идеяи ташкили "Children of monday" аз куҷо пайдо шуд?

Сураҷ Мискиншоев: «Мо як гурӯҳ донишҷӯён қаблан баъзан чунин шабнишиниҳо дар клубҳо ташкил мекардем ва ба он бисёр ҷавонҳои тоҷикро даъват мекардем. Ва вақте Аслишо Ҳакимбеков, як ҳамсоли дигари мо аз Душанбе ба Маскав омад, тасмим гирифтем, ки чунин як созмон бо номи «Children of monday» таъсис диҳем. Мо дидем, ки дар ин кишвар чунин созмон нест. Мо дар 2- 3 моҳ 1 маротиба консерту шабнишиниҳо ташкил мекунем ва фикр мекунам, ҷавонони тоҷик ба худ иҷозат хоҳанд дод, ки дар баробари кор истироҳат ва бо ҳамватанони худ дар муҳити миллӣ тафреҳ кунанд. Ин ҷо ҳама чӣ миллӣ мешавад, рақсу барномаҳо ва таронаҳои тоҷикӣ садо медиҳанд. Ба ҳама писанд аст. Мо аллакай дар давоми 2 моҳ чанд консерт бо ширкати Фарзин, Парем, Ҷонибек Муродов дар тарабхонаи Хаём гузаронидем. Ҳоло мо ба як сафари ҳунарӣ дар 6 ноҳияи Русия ҳамроҳ бо Мастер Исмайл ва Баха- 84 омодагӣ мегирем.»

Озодӣ: Киҳо бештар дар ин шабнишиниҳо ҷамъ меоянд, донишҷӯён, муҳоҷирон аслан киҳо?

Сураҷ Мискиншоев: «Мо тариқи интернет эълон мекунем ба ҳама ва 70 дарсад албатта донишҷӯёнанд, 30 дар сад онҳое, ки аллакай хатми донишгоҳ кардаву кор мекунанд, хулоса хоҳишмандон аз табақаҳои гуногунанд.»

Озодӣ: Барои шумо 3 донишҷӯ мушкил нест, ташкили чунин чорабиниҳо дар Маскав ва ба вижа даъвати овозхонон аз Тоҷикистон ба Русия. Чун маълум аст, ки ин кор хароҷоти зиёдро талаб мекунад?

Сураҷ Мискиншоев: «Мо тариқи телефон ва бо кӯмаки ҳамкоронамон дар Душанбе ва аз кисаи худ ё ба воситаи қарз ин корро анҷом медиҳем. Ва баъди ташкили консерт ба воситаи даъватномаҳо, ки пулакӣ аст, ин хароҷотро
рӯйпуш мекунем. Даромад ва ширкати як нафар дар шабнишиниҳо 50 рубл нарх дорад»

Озодӣ:То ҷое медонам дар ташкили туй ва маросимҳои тоҷикон дар Маскав ҳам кӯмак мекунед, яъне дар ташкили чунин муросимҳо хоҳишмандон метавонанд ба созмони шумо муроҷиат кунанд?

Cураҷ Мискиншоев: «Бале дар Маскав тӯйҳо хеле зиёданд, ба вижа тӯйҳои мардуми Бадахшон ва мо барои ташкили як тӯйи замонавӣ, бо барномаҳои ҷолиб, баробар бо тӯйи русҳо, вале бо дарназардошти дину анъанаҳои тоҷикон ба тӯйдорон кӯмак мекунем. Мо шурӯъ аз интихоби тарабхона то ба овозхону ҳама дигар корҳоро анҷом медиҳем, онҳо беташвиш фақат меоянду хурсандӣ карда мераванд. Мо қаблан медидем, ки тӯйҳои тоҷикон дар шароитҳои на чандон хуб дар ягон кафеҳои хурд ё бозор гузаронида мешуданд. Мо намехостем, ки як рӯзи хубу хотирмони ҷавонони мо дар чунин як муҳите гузарад, бинобарин тасмим гирифтем, ки дар ин кор ба онҳо кӯмак кунем.»
XS
SM
MD
LG