Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаводиси Хоруғ ва таваҷҷӯҳи сокинон ба ТВ Бадахшон


Сокинони Хоруғ мегӯянд, ки онҳо акнун ба барномаҳои телевизони маҳаллӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Сокинони шаҳри Хоруғ дар муқоиса ба солҳои пеш ба телевизиони маҳаллии Бадахшон таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Гуфта мешавад, ин алоқамандӣ бештар ба ҳаводиси ахири Хоруғ рабт дорад.

Ба қавли сокини Хоруғ, Ирор Мамадназаров, халои иттилоотӣ дар мавриди ҳаводиси Хоруғ дар телевизионҳои ҷумҳуриявӣ боис шудааст, ки тамошобинон ба телевизони маҳаллӣ рӯ биоранд. Ӯ афзуд, "мардум, ки иттилои дақиқ надорад, бегоҳӣ телевизиони Бадахшонро тамошо мекунад, чӣ кор рафта истодааст, вазъият чӣ хел аст. Барои ҳамин телевизиони маҳаллиро бештар тамошо мекунанд."

Аммо аз нигоҳи донишҷӯи Донишгоҳи шаҳри Хоруғ Бодурбек Ҷамилов, барномаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ бо ширкати шахсиятҳои шинохта яке аз сабабҳои дигари зиёд шудани маҳбубияти телевизиони маҳаллӣ будааст. Мусоҳиби мо гуфт, "баъд аз ҳодисаҳое, ки бар сари Хоруғ омад, журналистон бо одамони обрӯманди диёр ва шоирон барномаҳои хуби аҳамияти тарбиявӣ-ахлоқидошта омода мекунанд ва мухлисони телевизиони Бадахшон аз ин сабаб бештар шудааст."

Муҳаррири телевизиони Бадахшон Азимхон Амидхонов чунин мешуморад, ки сифати барномаҳои телевизиони Бадахшон қаблан ҳам бад набуданд, агарчӣ телевизион ҳамеша мавриди интиқоди шадид қарор мегирифт. Вале ҳаводиси Хоруғ ошкор сохтанд, ки ин шабака ба воқеият ва ба мардум наздиктар аст ва тамошобинон ба он рӯ оварданд.

Масъулини телевизиони маҳаллӣ мегӯянд, тақвияти ҳайати эҷодӣ аз ҳисоби журналистони нави ботаҷриба ва ҷавон боиси рангин ва шавқовар шудани барномаҳои телевизионӣ шудааст. Барномаҳои телевизиони Бадахшон асосан аз ахбор ва барномаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иборат аст. Аммо бар асари ҳаводиси Хоруғ барномаҳои сиёсӣ дар телевизион мавқеъ пайдо мекунанд. Қаблан, агар дар ахбор ҷаласаҳои беранг ва чеҳраҳои шинохтаи маҳаллӣ намоиш дода мешуданд, айни ҳол вазирони қудратӣ ва дигар чеҳраҳои нави ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ меҳмони ин барномаҳо буда, тамошобинон бо ҳисси кунҷкобӣ барномаҳоро интизор мешаванд.

Намояндаи пажӯҳишгоҳи русиягии АвроОсиё дар Хоруғ Гелос Раҳматшоев мегӯяд, агар идае аз мардум шомгоҳон соатҳои муайяни вақташонро ба тамошои барномаҳои ҷумҳуриявӣ сарф мекарданд, айни ҳол қабл аз ҳама барномаҳои телевизиони маҳаллиро тамошо мекунанд ва навиди хушеро интизор доранд. "Ба фикри ман, он ҳодисаҳое, ки моҳи июл рух доданд ва аз паёмади онҳо мардум рӯҳан хаста шудааст, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ҳам бештари вақт дар Бадахшон ҳастанд. Мардум мехоҳад донад, ки чӣ мегузарад ва хабари хушеро интизор доранд",-гуфт ӯ.

Журналист Умед Мамадпаноев бар ин назар аст, ки ҳамчунин мавқеи фаъоли иҷтимоӣ касб кардани журналистон боис шудааст, ки рейтинги телевизиони маҳаллӣ боло рафтааст. Вай мегӯяд, "масалан, мо ба мулоқоти сокинони Тирчид бо вазири амният даъват шудем, ки он чор соат давом кард, вале тавонистем моҳияти мулоқотро ба тамошобинон расонем."

Телевизиони Бадахшон шоми ҳар рӯз, ба ғайр аз рӯзи якшанбе, ба муддати ду соат барнома пахш мекунад. Доираи пахши барномаҳо танҳо шаҳри Хоруғ ва чанд деҳоти наздик ба онро фаро мегирад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG