Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба постгоҳи артиши Покистон ҳамла карданд


Беш аз сад фарди мусаллаҳ шаби гузашта ба постгоҳи артиш дар шаҳри Маттонӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, ҳамла карданд. Дар ин задухӯрд дасти кам 6 сарбозу корманди полис ба ҳалокат расида, 11 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, чанд тан аз ҳамлагарон ҳам куштаву маҷрӯҳ шудаанд.

Баъд аз тирандозии дусоата ҳамлагарон ақибнишинӣ карданд. Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG