Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи ройгони Фейсбук барои муштариёни Babilon-M


Ширкати "Вавilon-М" истифода аз шабакаҳои иҷтимоии "Facebook" ва "ВКонтакте"-ро барои муштариёнаш ройгон (бепул) кардааст. Дафтари матбуоти ин ширкат рӯзи душанбе, 15-уми октябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдом бо дархости зиёди муштариёни "Ваbilon-M" роҳандозӣ шудааст.

Аммо масъули дафтари матбуоти "Babilon-M" гуфт, асосан хадамоти катбии шабакаҳои иҷтимоии "ВКонтакте" ва "Facebook" бепул буда, дар сурати тамошо ва ё истифода бурдани аксу видео маблағ пардохта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG