Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия. Муқобила бо коррупсия тавассути смартфонҳо


Роҳандозии як барнома барои смартфонҳо имкон медиҳад, сокинони Русия аз ҳолатҳои ришвадиҳӣ хабар диҳанд.

Як гурӯҳи 20-нафарӣ дар Русия роҳи нави мубориза бо коррупсия ё ришвахориро "кашф" кардаанд. Онҳо барномаеро барои смартфонҳо ё телефонҳои ҳушманд омода карда, Bribr ном гузоштаанд, ки вожаи англисӣ буда, маънояш "ришвадеҳ" аст.

Ин барнома имкон медиҳад, одамон дар телефонҳои мобилии худ ҳолатҳои ришвадиҳиро сабт кунанд, ки он баъдан ба пойгоҳи иттилоотии махсус ворид мешавад. Сипас, ин хабар ба харитаи интерактивии Русия роҳ ёфта, мизони ришвахорӣ дар манотиқи кишварро маълум хоҳад кард.

Муассиси ин барнома Евгения Куйдаи 25-сола умедвор аст, ин тарҳи нав масъулияти шаҳрвандии сокинони Русияро дар роҳи мубориза бо коррупсия бедор хоҳад кард. “Воқеан, бовар дорем, агар чунин ҳолатҳоро ҳамеша нишон диҳем, муносибати одамон ба коррупсия тағйир хоҳад кард”,- гуфтааст Евгения Куйда.

Ин барнома ҳамагӣ як ҳафта пеш дастрас шудааст. Бино ба иттилои пойгоҳи Bribr.org, ҳудуди 70 дарсади иттилоъ дар бораи ришвадиҳӣ ба донишгоҳҳову боғчаҳои бачагона рабт дорад. Инчунин, ҳаштуним дарсади иттилоъ ба ришвагирии пулиси роҳ ё ГАИ марбут будааст.

Яке аз раҳбарони ҷунбиши мухолифон дар Русия Алексей Навалний, ки бо изҳороти зиддиришвахорӣ дар Интернет шӯҳрат ёфтааст, аз чунин иқдоми ҷавонон дар Русия истиқбол кард. Дар ҳоли ҳозир бино ба раддабандии Transparency International, Русия дар ҷои 143 қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон ҳам сайти "Взяточник.инфо", ки аз муассисонаш ном бурда намешавад, низ барои муқобила бо коррупсия даъват мекунад. Муассисони ин сайт аз донишҷӯён хостаанд, аз ин роҳ аз устодоне, ки ришва талаб мекунанд, шикоят намоянд.
XS
SM
MD
LG