Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Максим Боқиев бо пардохти гаравпулӣ озод карда шуд


Дар Бритониё Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, ки бо дархости ИМА дастгир шуда буд, бо пардохти гаравпулӣ боздоштгоҳро тарк намуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар доданд. Мурофиаи додгоҳӣ оид ба истирдоди Максим Боқиев ба ИМА рӯзи 7 декабр баргузор мешавад.

Мақомоти ИМА писари раҳбари сарнагуншудаи Қирғизистонро дар кӯшиши қаллобӣ ва дигар ҷиноёт айбдор мекунанд. Дар Қирғизистон Максим Боқиев дар ҷиноятҳои сангинтар муттаҳам мешавад, аммо миёни Бишкек ва Лондон то ҳол созиш дар бораи истирдод имзо нашудааст.
XS
SM
MD
LG