Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфтугӯи гурӯҳҳои сиёсии Афғонистонро ташкил мекунад


Ян Кубиш
Ян Кубиш
СММ мехоҳад бо ҳама гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла, гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ гуфтугӯи ғайрирасмиро шурӯъ кунад. Дар ин бора раиси намояндагии СММ дар Афғонистон Ян Кубиш хабар дод ва изҳори умедворӣ намуд, ки ба ин гуфтугӯ ҷунбиши “Толибон” низ ҳамроҳ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, нахустин чунин мулоқот то охири ҳамин сол баргузор хоҳад шуд.

Моҳҳои ахир дасти кам ду талоши баргузории ин гуна гуфтугузори ғайрирасмӣ сурат гирифт. Моҳи июл дар чаҳорчӯби конфаронси кӯмак ба Афғонистон дар Токио донишгоҳи Ҷопон мулоқоте созмон дод, ки дар он ду тан аз раҳбарони аршади толибон ширкат карданд. Ҳамчунин дар Порис дар ҳамин гуна мулоқот намояндагони ҳукумати Афғонистон ва “Толибон” ҳузур доштанд.

Талошҳои ҳукумати Афғонистон барои шурӯи музокироти расмӣ бо “Толибон” то ҳол ноком шудаанд.
XS
SM
MD
LG