Пайвандҳои дастрасӣ

Малоларо барои табобат ба Бритониё интиқол доданд


Ҳукумати Покистон Малола Юсуфзайро, ки бар асари ҳамлаи толибон захмӣ шудааст, барои идомаи табобат ба Бритониё фиристод. Аморати муттаҳидаи араб ҳавопаймои махсусро барои интиқоли Малола ҷудо кард.

Ба гуфтаи мақомоти Покистон, Малола барои шифо ёфтан аз паёмадҳои ҳамла ба табобати тулонӣ ниёз дорад. Рӯзи сешанбеи гузашта Малола ва ду дугонааш ҳангоми бозгашт аз мактаб мавриди ҳамлаи гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон қарор гирифт.

Малола Юсуфзай баъди он маъруф шуд, ки дар блогаш дар интернет дар бораи зулму ҷаҳолати Толибон замони ҳукмронияш дар водии Своти Покистон гузориш менавишт. Рӯзҳои ахир Малола таҳти назорати табибони беҳтарин бемористони низомии Покистон воқеъ дар шаҳри Равалпиндӣ буд.
XS
SM
MD
LG