Пайвандҳои дастрасӣ

Устопириён қаҳрамони ҷаҳон миёни навҷавонон шуд


Комроншоҳи Устопириён.

Комроншоҳи Устопириён.

Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону навҷавонон 3 медал ба даст оварданд. Мусобиқаи ҷаҳонӣ миёни духтарону писарон бо ширкати беш аз 300 варзишгар аз 27 кишвар дар пойтахти Булғористон - София тӯли се рӯз идома кард.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириёни 19-сола ба унвони қаҳрамони ҷаҳон ва медали тилло даст ёфт. Вай ин дафъа дар сабқати навҷавонон дар вазни то 90 кг пирӯз шуд. Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш Айбол Аитбек аз Қазоқистон, ки медали нуқра гирифт, ғолиб омад. Дар ин вазн Таймураз Хачидзе (Гурҷистон) ва Дмитрий Торгашов (Русия) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Қиёмиддин Авазов дар сабқати наврасон дар вазни то 52 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин вазн Раҳмон Ҷумъаев (Узбакистон) ғолиб шуд. Григор Мхитарян (Арманистон) мақоми дувум ва Александр Володин (Русия) мақоми севумро касб карданд.

Боз як медали биринҷиро ба Тоҷикистон Умархон Баҳодуров овард. Ӯ дар сабқати наврасон дар вазни то 65 кг мақоми севумро касб кард. Инчунин Валериу Бордеану (Молдова) ҷойи севумро гирифт. Дар ин вазн Рамазон Коҷаков (Русия) бо медали тилло ва Ливани Киркиташвили (Гурҷистон) бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони 18 кишвар соҳибони медалҳо гаштанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ бо се медал (1 тилло ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи 12-ум қарор гирифт.

Мунтахаби Русия бо 34 медал (17 медали тилло, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ) ҷойи аввалро касб кард. Дастаи Қазоқистон бо 20 медал (4+5+11) дувум ва мунтахаби Булғористон бо 16 медал (4+5+7) севум шуданд.

Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ баъди Русия, Қазоқистон, Беларус, Гурҷистон, Узбакистон, Арманистон, Украина, Озарбойҷон ва пеш аз Молдова, Литва ва Қирғизистон ҷойгир шуд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони ҷавони тоҷик соли 2009-ум дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасону навҷавонон дар Булғористон 7 медал – 2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварда буданд. Аз он ҷумла ду нафари онҳо - Акмолиддин Каримов (дар вазни то 52 кг) ва Лутфулло Розиқов (дар вазни то 57 кг) байни ҷавонони 19-20-сола ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз шуда буданд. Комроншоҳи Устопириён бошад, дар вазни то 81 кг байни наврасон медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки моҳи октябри соли 2010-ум дар пойтахти Гурҷистон - шаҳри Тифлис баргузор шуда буд, як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 81 килограмм бо медали тилло ва паҳлавони дигари тоҷик Деваштичи Убайдӣ дар вазни то 70 килограмм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуда буданд.

Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон соли 2011-ум дар пойтахти Латвия - шаҳри Рига дар вазни то 81 кг миёни наврасон ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуда буд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар паҳлавони Булғористон Ивайло Иванов дастболо шуда буд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "орзу дорам, ки ба мисли ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов (рӯҳашон шод бод!) қаҳрамони ҷаҳон миёни бузургсолон шавам. Охир, дар муддати 37 сол дигар ягон гуштигири Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон байни бузургсолон ноил нашудааст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG