Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барзу мегӯяд, аз зарби садама биноияшро аз даст медиҳад


акс аз 15 сентябри соли 2012
акс аз 15 сентябри соли 2012

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи театр, ки чанд рӯз қабл дар пайи як садамаи автомобилӣ ҷароҳат бардошт, мегӯяд, нури чашми худро аз даст медиҳад.

Вай рӯзи 15-уми октябр дар тамос ба Озодӣ зимни шарҳи ҳодиса гуфт, ки ҳафтаи гузашта вақте аз хиёбони Исмоили Сомонӣ ба тарафи Театри опера ва балети ба номи Айнӣ мегузашт, як худрави тамғаи «Мерседес-бенз» бо ӯ бархӯрд, ки вай бо сараш ба замин афтод.

Барзу Абдураззоқов мегӯяд, ки тайи ин чанд рӯзе, ки таҳти муоинаи пизишкон қарор дорад, бештар аз биноии худ шикоят дорад: «Пизишкҳо мегӯянд, ки панҷ фоизи биноии чашмонам боқӣ мондааст ва имрӯз барои табобат, бистарӣ мекунанд».

Вай мегӯяд, ки барои як ҳунарманди театр аз даст додани биноии чашм фоҷеаи сангин аст. Вай афзуд, ки ронандаи «Мерседес»-ро бахшидааст ва дар нисбати ӯ даъвое надорад.

Мавсими театрии имсола дар театри Лоҳутӣ бо намоишномаи "Хидматгори ду хоҷа"-и адиби итолиёвӣ Карло Голдонӣ шурӯъ шуд, ки ин намоишномаро Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, ба саҳна гузоштааст. Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик соли гузашта дар 13 ҷашнвораи байнулмилалӣ ширкат кард, ки охиринаш дар Эрон буд.

Яке аз намоишҳои таҳиякардаи ӯ бо номи "Девонагӣ. Соли 93", ки бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс "Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат"рӯи саҳна омад ва бо вуҷуди он, ки аз ҳодисаҳои замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронсаро ҳикоят мекард, аммо аз ҷониби вазорати фарҳанги Тоҷикистон манъ гардид.

Танҳо пас аз танқиди зиёда дар матбуот, ба Театри ба номи Маяковский иҷозат шуд, ин спектаклро намоиш диҳад.

Асари дигари Барзу Абдураззоқов бо номи “Табиби зӯракӣ” дар Ҷашнвораи театрҳои хиёбонӣ дар Эрон, яке аз ҷоизаҳои асосиро ба худ ихтисос дод.
XS
SM
MD
LG