Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 20-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат – 13-ум ва 14-уми октябр баргузор шуданд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозиро дар шаҳри Хуҷанд бо тими мизбон - “Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 3-3 анҷом дод. “Регар-ТадАЗ” бо 45 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.

Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб, ки дар майдони худ ба дарвозаи тими "Гвардия"-и Душанбе се голи беҷавоб зад, бо 44 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Тими “Хайр”-и Ваҳдат, ки бар дастаи меҳмон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2-0 ғолиб омад, мисли пешин бо 36 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ бар тими “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 3-2 ва "Истаравшан"-и Истаравшан дар майдони худ бар ССКА "Помир"-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 ғолиб шуданд. Бозии дастаҳои "Ҳосилот"-и Фархор ва “Энергетик"-и Душанбе бо натиҷаи мусовии 1-1 хотима ёфт.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки бо 30 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст ва бо рақибони аслиаш - “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад, аз бозии даври 20-ум озод буд.


Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

"ХУҶАНД" (Хуҷанд) - "РЕГАР-ТАДАЗ" (Турсунзода)3:3
Голҳо:
Манучеҳр Аҳмадов (аз пеналтӣ), Ҷомихон Муҳиддинов, Фозил Сатторов – Аҳтам Ҳамроқулов, Ҷамшед Исмоилов (аз пеналтӣ), Комил Саидов.

"ХАЙР" (Ваҳдат) - "ПАРВОЗ" (Бобоҷон Ғафуров)2-0
Голҳо:
Муҳаммад Гулипур, Исроил Идиев.

"ЗАРАФШОН" (Панҷакент) - "ВАХШ" (Қӯрғонтеппа)2-3
Голҳои "Вахш":
Баҳодур Каримов, Назиршо Ризомов, Фазлиддин Насриддинзода.

"ИСТАРАВШАН" (Истаравшан) - ССКА "ПОМИР" (Душанбе) – 1-0
Гол:
Шамсиддин Қосимов, автогол (ба дарвозаи дастааш зад).

"РАВШАН" (Кӯлоб) — "ГВАРДИЯ" (Душанбе) – 3-0
Гол
ҳо: Дэвид Мауто (2 гол), Нуъмонҷон Ҳакимов.

"ҲОСИЛОТ" (Фархор) — "ЭНЕРГЕТИК" (Душанбе) – 1-1
Гол
ҳо: Саидамир Мирзоев – Шодибек Ғаффоров.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 18 14 3 1 52-14 45
2. «Равшан» (Кӯлоб) 18 14 2 2 30-8 44
3. «Хайр» (Ваҳдат) 17 11 3 3 31-18 36
4. «Истиқлол» (Душанбе) 14 9 3 2 33-9 30
5. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 18 8 3 7 35-26 27
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 17 8 3 6 24-15 27
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 18 7 3 8 26-29 24
8. «Энергетик» (Душанбе) 18 6 6 6 24-21 24
9. «Истаравшан» (Истаравшан) 19 6 4 9 27-35 22
10. КМВА “Помир” (Душанбе 19 5 5 9 17-23 20
11. «Ҳосилот» (Фархор) 18 4 2 12 17-37 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 18 2 0 16 9-46 6
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 18 1 3 14 19-63 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ») – 12-тӯбӣ, Шодибек Ғаффоров («Энергетик») – 10 тӯб, Асадулло Бобоҷонов, Мансур Ҳакимов (ҳарду - «Парвоз») - 9-тӯбӣ.

Бозии даври 18-ум
17-уми октябр (чоршанбе)
Оғози бозӣсоати 15.00
"Истиқлол" - «Вахш»

Бозиҳои даври 21-ум
20-уми октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15.00
«Энергетик» - «Равшан»
«Регар-ТадАЗ» - «Ҳосилот»

21-уми октябр (якшанбе)
«Гвардия» - «Хайр»
ССКА «Помир» - «Зарафшон»
«Вахш» - «Хуҷанд»
«Парвоз» - «Истиқлол»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG