Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раёсати созмони "Муҳовараи ҳамкории Осиё" ба Тоҷикистон вогузор шуд


Раёсати созмони кишварҳои аъзои "Муҳовараи ҳамкории Осиё", ба Тоҷикистон вогузошта шуд.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ дӯшанбеи 15 октябр зимни таъйиди ин хабар ба РО гуфт, «ин тасмим рӯзи якшанбеи 14--уми октябр дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои аъзои созмони "Муҳовараи ҳамкории Осиё" дар Қувайт гирифта шуд».

Тоҷикистонро дар ин нишаст Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии ин кишвар намояндагӣ мекунад, ки рӯзи шанбеи 13-уми октябр ба ин кишвар сафар карда буд.
Қарор аст оқои Зарифӣ дар чаҳорчӯбаи ин нишаст дидору гуфтугӯҳое бо мақомоти дигар кишварҳои узви ин созмон дошта бошад.

Идеаи таъсиси созмони Муҳовараи ҳамкории Осиё дар соли 2000 аз сӯи кишвари Тайиланд матраҳ шуд ва нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ин созмон ҳам дар соли 2002 баргузор шуд, ки ҳадафи аслии он, муколамаи созанда ба хотири рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳои аъзои ин созмон унвон мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон равобити ин кишвар бо аъзои созмони Муҳовараи ҳамкории Осиёро муфид хонда ва онро омили густариши ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба арзёбӣ мекунанд.

Зимнан, 32 кишвари минтақа ва ҷаҳон узвияти созмони Муҳовараи ҳамкории Осиёро доранд.
XS
SM
MD
LG