Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қаҳрамонии" Баумгартнер таъйид шуд


Як ниҳоди байналмилалии варзиши ҳавоӣ ва ҳавонавардӣ таъйид кард, ки Феликс Баумгартнер чатрбози нотарси австриягӣ бо суръати тундтар аз садо парвоз кардааст. Ба гуфтаи як мақоми Иттиҳодияи Байналмилалии Ҳавонавардӣ, Феликс Баумгартнер рӯзи якшанбе ҳангоми фуруд омадан аз баландии тақрибан 39 километр аз курраи Замин бо суръати 1342 километр дар соат парвоз кардааст, ки тундтар аз суръати садост. Феликс Баумгартнери 43-сола ҷасорати худро дар аёлати Ню Мехикои Амрико нишон дод ва рекодеро, шикаст, ки як амрикоӣ 60 сол пеш бо парвоз аз баландии 31 километр гузошта буд. Феликс Баумгартнер тақрибан 10 дақиқа парвоз карда ва дар баландии якуним километр аз Замин чатри худро боз кардааст.
XS
SM
MD
LG