Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия нахуствазири нав интихоб кард


Шӯрои Миллии Либия, дипломати собиқадор Алӣ Зайдонро нахуствазири ин кишвар интихоб кард. Дар раъйдиҳии рӯзи якшанбе 93 нафар аз аъзои шӯро ба тарафдории ӯ раъй доданд. Баъди нокомии Мустафо Абушоқур, нахуствазири пешини Либия, дар таъсиси ҳукумати қобили қабул барои Шӯрои Миллӣ, вакилони шӯро, нахуствазири нав интихоб карданд. Алӣ Зайдон, дар замони Муаммар Қаззофӣ, ки диктатори пешини Либия, ки соли гузашта баъди суқути ҳукуматаш кушта шуд, ба ҳайси дипломат кор карда, вале соли 1980 аз ҳукумати Қаззофӣ бурида ба сафи мухолифони ӯ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG