Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон баёнияи Имрон Хонро "шармовар" хонд


Вазорати умури хориҷии Афғонистон баёнияи як сиёсатмадори покистониро маҳкум кард, ки гуфта буд, ҷанг дар Афғонистон, “ҷиҳод” алайҳи таҷовузи хориҷиён аст. Имрон Хон, раиси Ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон ҳафтаи гузашта гуфт, “онҳое, ки дар Афғонистон алайҳи хориҷиён меҷанганд, ҷиҳод мекунанд.” Аммо Ҷонон Мусозай, сухангуи вазорати умури хориҷии Афғонистон, ин дар ин бора гуфт:"Изҳороти оқои Имрон Хон ё ноогоҳии бисёр хатарноки эшонро дар робита ба решаҳои террористӣ, ҳамалот ва хушунате, ки дар Афғонистон сурат мегирад, нишон медиҳад ва ё ҳам нияти суи (бади) шахси Имрон Хонро дар муқобили мардуми Афғонистон. Ин як амали комилан ғайримасъулона ва шармовар аст.”Имрон Хон, ки дар гузашта як чавгонбози машҳур дар Покистон буд, дар баробари дигар сиёсатмадорону руҳониёни шинохтаи кишвараш рузи шанбе аз Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон нома гирифтааст, ки дар он хоста мешавад, дар мубориза алайҳи тундгароии исломӣ дар ҳарду кишвар кӯмак кунанд.
XS
SM
MD
LG