Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози шумориши овозҳо дар Русия


Интихобот дар Барнаул
Интихобот дар Барнаул
Натоиҷи шумориши 53 дарсади оро дар интихоботи маҷлиси минтақаи Сахалин ҳокист, ки ҳизби ҳокими Русияи воҳид бо 41 дарсад пешсаф буда, ҳизби коммунист – 17 ва ҳизби либерал-демократ 9 дарсад раъй овардаанд. Русияи боадолат 8 ва ҳизби Правое дело дар Сахалин 3 дарсад гирифтаанд. Русияи воҳид дар интихоботи шаҳри Барнаул низ даъвои пирӯзӣ дорад. Имрӯз дар 77 минтақа аз 83 вилояту ҷумҳуриҳои тобеъи Русия интихоботи маҳаллӣ доир шуд. Имрӯз аз ҷумла волиёни 5 вилоят – Амур, Брянск, Новгород, Белгород ва Рязанро интихоб мекунанд. Дар соли 2004 интихоботи мустақими волиён дар Русияро барҳам доданд, аммо дар пайи эътирозҳои густардаи декабри соли 2011 онро эҳё карданд. Вале мухолифин ин тағйиротро танҳо як ислоҳи зоҳир меноманд.
XS
SM
MD
LG