Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ҳам ҳаримашро ба рӯи Сурия баст


Туркия рӯзи якшанбе эълон кард, ки парвози тамоми ҳавопаймоҳои Сурияро аз ҳарими ҳавоияш манъ мекунад. Ин посухи Анкара ба Димишқ аст, ки қаблан парвози ҳавопаймоҳои мулкии Туркияро аз тариқи ҳарими ҳавоияш манъ кард. Ин раддубадалҳо 3 рӯз баъд аз иҷборан дар Туркия пойин кардани ҳавопаймои мусофирбари Сурия аст, ки аз Маскав ба Димишқ парвоз мекард. Танишҳо байни Туркияву Сурия дар пайи ҳалокати 5 сокини мулкии шаҳри марзии Оқчақалъаи Туркия дар рӯзи 3 октябр аз тири снаряде, ки аз дохили Сурия андохта буданд, шиддат гирифт. Туркия, ки аз чирикиҳои Сурия ҳимоят мекунад, дар посух ба ҳар тире, ки аз сӯи Сурия ба хокаш мерасад, оташи ҷавобӣ мекушояд.
XS
SM
MD
LG