Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди тунди Кобул аз як баёнияи Имронхон


Имронхон
Имронхон
Кобул аз сиёсатмадори покистонӣ Имронхон, ки ҷанг дар Афғонистонро “ҷиҳод” номид, интиқод кард. Крикетбози собиқ ва раҳбари Таҳрики инсофи Покистон Имронхон ҳафтае пеш гуфт, “мардуме ки дар Афғонистон алайҳи ишғолгарони хориҷӣ меҷанганд, ҷиҳод мекунанд.” Сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон Ҷонон Мӯсозай гуфт, изҳороти Имронхон аломати “ноогоҳии бисёр хатарнок, ё нияти сӯъ”-и ӯ дар бораи он чист ки дар Афғонистон мегузарад. Имронхон дар шумори он раҳбарони сиёсиву мазҳабии Покистон аст, ки раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай барои мубориза бо ифротгароӣ дар ҳарду кишвар дар номаи дирӯзааш аз онҳо кумак хост.
XS
SM
MD
LG