Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти гумонбар дар буридани сари як тоҷик


Сомонаи TJ Inform бо истинод ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки сокини 29-солаи Маскав Алексей Суворов бо гумони даст доштан дар буридани сари шаҳрванди 24-солаи тоҷик Аҳтамшоҳ Шарипов дастгир шудааст. Ҷасади сарбуридаи ин сокини рустои Наврӯзи ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷро рӯзи 11 октябр дар наздикии шаҳри Пушкинои вилояти Маскав пайдо карданд. Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, ба ҷуз аз Суворов дар ин ҷиноят як тани дигар низ шарик дониста мешавад. Тафтиши парвандаро сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҳти назорат гирифтааст. Ҳарсол аз Русия ҷанозаи беш аз 800 муҳоҷири тоҷикро ба Тоҷикистон меоранд.
XS
SM
MD
LG