Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев, Корвон ва "гунаҳкорон"-и сӯхтори 40 рӯзи пеш


Аз сӯхтори бозори "Корвон", бузургтарин бозори шаҳри Душанбе, 40 рӯз гузашт.

Бо гузашти чиҳил рӯз аз сӯхтори азим дар "Корвон", бузургтарин бозори Тоҷикистон, ҳамоно қисмати яклухтфурӯшии он ба таври пурра ба фаъолият шурӯъ накардааст.

Замоне бо баъзе аз соҳибони дӯконҳо сӯҳбат доштем, дар мавриди ёрии масъулин фикру ақидаи онҳо гуногун буд. Ба гуфтаи онҳо, кӯмакҳои маъмурони бозорро на ҳама дастрас кардааст ва ҷиҳати мусоид кардани шароити дохили бозор барои пешгирӣ аз сар задани сӯхтори эҳтимолӣ низ кадом дигаргунии хосе ба мушоҳида намерасад.

Ин дар ҳолест, ки вақте ин бозор сӯхт ва тоҷирони хашмгини он даст ба тазоҳуроти густарда заданд, мақомот ваъда дода буданд, ки дар тӯли як моҳ бозор барқарор мешавад. Он замон ҳам аз ҷониби мақомоти шаҳри Душанбе ва ҳам аз тарафи раиси бозори мазкур қавл дода буданд, ки харҷи барқарории дӯконҳо пардохт мешавад.

Сӯхтор дар бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе шоми 5-уми сентябри соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он беш аз 2 ҳазор дӯкон ва нуқтаҳои фурӯш комилан ба коми оташ рафт. Додситонии кулли Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати умури дохилӣ як комиссияи вижа таъсис дода эълон карда буданд, ки давоми як моҳ омилон ва иллати вуқӯи ин сӯхторро ошкор мекунанд. Раиси бозор низ барои дарёфти иттиллоъ роҷеъ ба омилони ин сӯхтор 150 ҳазор сомонӣ ҷоиза таъйин карда буд. Сипас, дар шаҳрдорӣ низ бо шумули бархе аз рӯзноманигорони тоҷик як комиссияи махсус барои барқарории бозори "Корвон" таъсис дода шуд. Дар чаҳор рӯзи пеш Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки сӯхтор дар "Корвон" барқасдона сурат гирифтааст, аммо омилони ин кор ҳоло ошкор нашудаанд.



Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
Дар ҷаласаи дирӯз (13-уми октябр)-и шарҳрдорӣ бо аъзои комиссияи махсус барои барқарории бозори "Корвон" Маҳмадсайид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, масъулини сохторҳои интизомиро барои рух додани ин сӯхтор айбдор кардааст.

Зафар Абдуллоев, масъули маркази таҳқиқотии "Контент" ва узви комиссияи махсус барои таҳқиқи сӯхтори "Корвон", гуфт, раиси шаҳри Душанбе ба хусус аз он интиқод кардааст, ки ходимони умури дохилӣ ҳатто барои ҳарчи зудтар ба ҷойи ҳодиса расидани мошинҳои оташнишонӣ кӯмак карда натавонистаанд. Ӯ гуфт, "дар ҷаласа хулоса ин шуд, ки гуноҳи асосӣ барои сӯхтори "Корвон", ки дар пай мавҷи эътирозҳоро ба миён овард, бар дӯши мақомоти интизомӣ ва ниҳодҳои гуногуни нозири фаъолияти ин бозор мебошад. Аз қабили додситонӣ ва умури дохилӣ."

Ба гуфтаи Зафар Абдуллоев, узви комисссияи махсус барои барқарории бозори "Корвон", дар ҷаласа аз масъулини бонкҳо дархост шудааст, ки мӯҳлати бозгардони қарзҳои худ ба тоҷирони бозори мазкурро тамдид кунанд. Зеро дар ҳоли ҳозир чанде аз тоҷирони ин бозор, ки беш аз 5 миллион сомонӣ аз бонк ва муассисаҳои қарздиҳӣ бидеҳкоранд, имкони баргардонидани онро надоранд.
XS
SM
MD
LG