Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши навбатии Феликс Баумгартнер


Феликс Баумгартнер баъди нокомии талоши аввалаш

Феликс Баумгартнер баъди нокомии талоши аввалаш

Варзишкори 43-солаи австриягӣ Феликс Баумгартнер мехоҳад дубора ба анҷоми баландтарин парвоз иқдом кунад. Дар ҳафтаи гузашта боди тунд монеъ шуд, ки ӯ дар аёлати Ню-Мексикои Амрико бо курраи ҳавоӣ қариб 37 километр боло рафта, худро аз ин баландӣ ба замин андозад. Ҳавошиносон барои имрӯзу фардо ҳавои муносибтареро пешбинӣ мекунанд. Агар ин талоши Баумгартнер комёб шавад, ӯ нахустин нафаре хоҳад шуд, ки то замони кушодани чатри ҳавоияш бо суръати бештар аз суръати садо ба замин сарозер хоҳад шуд. Рекорди феълии чунин парвоз 31 километр аст, ки сарҳанги амрикоӣ Ҷо Киттингер ҳанӯз дар соли 60 гузошта буд.
XS
SM
MD
LG