Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркияву Сурия: "Ту роҳи маро бастӣ, ман роҳи туро бастам"


Туркия дар посух ба тасмими қаблии Димишқ низ ҳарими ҳавоияшро ба рӯи ҳавопаймоҳои Сурия баст.

Туркия рӯзи якшанбе эълон кард, ки парвози тамоми ҳавопаймоҳои Сурияро аз ҳарими ҳавоияш манъ мекунад. Ин посухи Анкара ба Димишқ аст, ки қаблан парвози ҳавопаймоҳои мулкии Туркияро аз тариқи ҳарими ҳавоияш манъ кард. Ин раддубадалҳо 3 рӯз баъд аз иҷборан дар Туркия пойин кардани ҳавопаймои мусофирбари Сурия аст, ки аз Маскав ба Димишқ парвоз мекард.

Ба гуфтаи мақомот, аз дохили ин ҳавопаймо таҷҳизоти низомӣ ёфт ва мусодира шудааст. Русия гуфт, дар ҳавопаймо силоҳ набуд, балки бахшҳои радар буд, ки қонунӣ интиқол дода мешуд. Танишҳо байни Туркияву Сурия дар пайи ҳалокати 5 сокини мулкии шаҳри марзии Оқчақалъаи Туркия дар рӯзи 3-юми октябр аз тири снаряде, ки аз дохили Сурия андохта буданд, шиддат гирифт.

Туркия, ки аз мухолифони мусаллаҳи Сурия ҳимоят мекунад, гуфт, ҳамлаи ҷавобӣ ба ҳар тире, ки аз сӯи Сурия ба хокаш мерасад, ҳаққи Анкара аст. Чунин ҳол мояи нигарониҳо дар бораи эҳтимоли аз марзи Сурия фаротар рафтану табиати минтақавӣ гирифтани низоъ дар ин кишвари арабӣ шудааст. Рӯзи шанбе, 13-уми октябр, фиристодаи Созмони Милал ва Лигаи Араб дар умури Сурия Аҳзар Иброҳимӣ дар Истанбул бо мақомоти Туркия ҳамин вазъи пешомадаро баҳс кардааст. Ӯ дар идомаи ин силсиласафар аз Сурияву муттаҳидаш - Эрон ва ҳам аз Ироқ дидан хоҳад кард.

Аҳмад Довудоғлу
Аҳмад Довудоғлу
Вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудуғлу дар пайи мулоқот бо Иброҳимӣ такроран гуфт, кишвараш ягон навъ тирандозиии бештари фаромарзӣ бо Сурияро таҳаммул нахоҳад кард: “Посухи Туркия аз нигоҳи дифоъ аз худ ва пешгирӣ ногузир буд ва аз ин рӯ, мо посух додем. Агар марз бо Сурия боз ҳам поймол шавад ва мо ҳис кунем, ки амнияти миллии Туркия зери хатар қарор мегирад, Туркия боз ҳам посух хоҳад дод.”

Вазири умури хориҷии Олмон Гвидо Вестервелле, ки низ бо Довудуғлу мулоқот дошт, ҷонибҳоро ба хештандорӣ хонд, вале боз ҳам аз Туркия, ки муттаҳиди Олмон дар НАТО-ст, ҳимоят кард. Вестервелле, ҳамин тавр, бо пуштибонӣ аз Туркия дар қазияи пойин кардани ҳавопаймое, ки аз Русия ба Сурия мерафт, гуфт: “Тибқи қонунҳои байналмилалӣ, Туркия набояд интиқоли силоҳҳо ва дигар маводи марбута тавассути ҳарими ҳавоияшро таҳаммул кунад.”

Бо ин ҳол, сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ду узви соҳиби ҳаққи вето дар Шӯрои Амнияти СММ - Русияву Чинро ба маҳзи саркашиашон аз ҳимоят аз иқдоми СММ дар қиболи буҳрони Сурия ба боди интиқоди бештар кашид. Эрдуғон дар як анҷуман дар Истанбул вазъи кунуниро бо вазъи даврони ҷанги Боснияву Ҳерзеговин дар солҳои 90 муқоиса кард, ки СММ барои пешгирӣ аз хунрезиҳо, аз ҷумла аз қатли оми 8000 мардони мусалмони сокини Сребренитса кори чандоне карда натавонист. Эрдуғон аз ҷумла гуфт: “Агар мо масъаларо ба райъи як ё ду узв аз 5 узви доимии Шӯрои Амният бигузорем, онгоҳ оқибати Сурия хеле бад хоҳад шуд ва инсоният инро дар таърих бо ҳарфҳои фаромӯшношуданӣ ифода хоҳад кард.”

Русия, ки як муттаҳиди суннатии режими Башор Асад маҳсуб мешавад, қатъан мухолифи ҳар навъ дахолат аз хориҷ ба низои 19-моҳа дар Сурия аст. Чин ҳам мегӯяд, ин низоъ бояд танҳо аз ҷониби худи суриягиҳо ҳаллу фасл шавад. Туркия ва қудратҳои суннии минтақа, бо шумули Арабистони Саудӣ ва Қатар, аз тарафдорони гарми чирикиҳои Сурияанд, ки алайҳи режими таҳти назорати ақалияти шиаҳои алавӣ меҷанганд. Режими шиагарои Эрон ва ҷунбиши Ҳизбуллоҳи шиаҳои Лубнон аз ҳомиёни режими Асад дар Ховари Миёна ба шумор мераванд. Бино ба ҳисобҳо, низоъи Сурия дар ин 19 моҳ аз ҳисоби чирикиҳову нирӯҳои давлатӣ ва ҳам мардуми мулкӣ беш аз 30 000 кушта ба ҷо гузоштааст.
XS
SM
MD
LG