Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба куштор айбдор шудани 5 сарбози Бритониё


5 сарбози Бритониёро ба даст доштан дар як куштор дар ҷануби Афғонистон айбдор кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин ҳодиса соли гузашта дар вилояти Ҳилманд – мақари бахши аъзам аз 9500 сарбози Бритониё дар Афғонистон – рух дода буд. Ҳафтае пеш дар робита ба ин қазия 7 сарбоз дастгир шуд, вале 4 нафарро алакай бидуни эълони иттиҳом раҳо кардаанд.
Вазорати дифоъи Бритониё гуфт, ин парванда ба дасти тафтишоти низомӣ супурда шудааст.Ин нахустин мавриди ба куштор айбдор шудани нирӯҳои Бритониё аз замони истиқрори онҳо дар Афғонистон дар поёни соли 2001 аст.
XS
SM
MD
LG