Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малоларо барои табобат шояд ба хориҷ баранд


Малола Юсуфзай
Малола Юсуфзай
Имороти Муттаҳидаи Араб қасд дорад, ба хотири барои табобат ба хориҷ бурдани Малола Юсуфзай ба Покистон як ҳавопаймои “ёрии таъҷилӣ” бифиристад. Сафири Исломобод дар Иморот Ҷамил Аҳмадхон ба телевизиони покистонии Geo TV гуфт, феълан таҳияи раводиди сафари халабонҳо ва 6 табиби ҳамроҳи онҳо дар ҳоли такмил шудан аст. Ба гуфтаи ӯ, аз 3 бемористон дар Дубай ва Абузабӣ хоста шуда, ки ин духтари 14-соларо барои табобат бипазиранд. Ҷангиёни толиб Малола Юсуфзайро рӯзи сешанбе барои ташвиқи таҳсили духтарон ва интиқодаш аз ин ҷунбиши бунёдгарои исломӣ чанд тир заданд.
XS
SM
MD
LG