Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия ҳарими ҳавоияшро барои Туркия баст


Давлати Сурия парвози ҳавопаймоҳои мулкии Туркия аз тариқи ҳарими ҳавоияшро манъ кард. Ин тасмим тавассути хабаргузории расмии САНО ҳамагӣ 3 рӯз баъд аз иҷборан дар Туркия пойин кардани ҳавопаймои мусофирбари суриёист, ки аз Маскав ба Димишқ парвоз мекард. Ба гуфтаи мақомот, аз дохили ин ҳавопаймо таҷҳизоти низомӣ ёфт ва мусодира шудааст. Русия гуфт, дар ҳавопаймо силоҳ набуд ва моле ҳам, ки бурда мешуд, қонунӣ буд.Танишҳо байни Туркияву Сурия дар пайи ҳалокати 5 сокини мулкии шаҳри марзии Оқчақалъаи Туркия дар рӯзи 3 октябр аз тири снаряде, ки аз дохили Сурия андохта буданд, шиддат гирифт. Туркия, ки аз чирикиҳои Сурия ҳимоят мекунад, дар посух ба ҳар тире, ки аз сӯи Сурия ба хокаш мерасад, оташи ҷавобӣ мекушояд. Рӯзи шанбе фиристодаи СММ ва Лигаи Араб дар умури Сурия Аҳзар Иброҳимӣ дар Истамбул бо мақомоти Туркия вазъи пешомадаро баҳс кардааст.
XS
SM
MD
LG