Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ба Улуғзода дар Душанбе ҳайкал гузоред"


Равшанфикрони Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар хостаанд, то дар Душанбе муҷассамаи адиби маъруф Сотим Улуғзодаро бигузоранд. Ношири ин хабар – “Азия Плюс” - мегӯяд, ки дирӯз дар як маросим дар театри ба номи Лоҳутии Душанбе 100-солагии ин намояндаи барҷасаи адабиёти асри бисти тоҷикро таҷлил карданд. Сотим Улуғзода соли 1911 дар Чуст, қаламрави Узбакистони кунунӣ, ба дунё омада,бо асарҳое, чун “Субҳи ҷавонии мо”, “Қисмати шоир”, “Фирдавсӣ”, “Ривояти суғдӣ”, “Марги Ҳофиз” ва “Восеъ” шӯҳрат ёфт. Дар солҳои 70, баъди ба Бритониё рафтани писараш Азиз, Улуғзода чанд муддат таҳти таъқиб қарор дошт ва чопи китобҳояш манъ шуда буд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992 Сотим Улуғзода ба Маскав кӯчид ва соли 1997 дар ғурбат даргузашт.
XS
SM
MD
LG