Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон барои ширкат дар нишасти ЭКО ба Боку рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои озарбойҷонияш Илҳом Алиев (Акс аз бойгонӣ)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои озарбойҷонияш Илҳом Алиев (Акс аз бойгонӣ)

Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви ЭКО ба Озарбойҷон сафар кардааст.

Субҳи рӯзи якшанбе, 14-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар мулоқоти сарони кишварҳои узви ЭКО, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, ба Озарбойҷон рафтааст.

Дар ин бора торнамои расмии президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, мегӯяд, дар ин сафар ҷаноби Раҳмонро мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат Шариф Раҳимзода, вазири энержӣ ва саноат Гул Шералӣ, вазири нақлиёт Низом Ҳакимов ва муовини вазири умури хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ҳамроҳӣ доранд.

Дар бораи барномаи сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Боку ва дидору мулоқоташ бо сарони кишварҳои узви ЭКО то кунун иттилое рӯи даст нест. Вале гуфта мешавад, дар ин нишаст масоили иқтисодии кишварҳои узви ЭКО матраҳ хоҳад шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳам дар он мавқеъву назари худро баён хоҳад дошт.

Тоҷикистону Эрон дар як саф бо Туркия, Покистон, Афғонистон, Озарбойҷон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиянд. Ин созмон соли 1985 аз сӯи Эрон, Покистон ва Туркия ташкил шуда, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои тозаистиқлоли Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба ин созмон пайвастанд.

Бо ин ҳол, ин сафари дувуми раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба Озарбойҷон аст. Тобистони имсол ҷаноби Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Озарбойҷон рафта, бо мақомоти баландпояи он дидору мулоқот кард ва даҳ санади нави ҳамкориро ба имзо расонд. Аз ҷумла, санади ҳамкорӣ дар бораи эътирофи шаҳодатномаҳои таҳсил ва унвонҳои илмӣ, дар бахши ҷавонон ва варзиш, қарордод миёни донишгоҳҳои миллии Тоҷикистону Боку.

Илова бар ин, Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон барои солҳои 2013-2015 ва ёддошти тафоҳум миёни ширкати "Талко" ва корхонаи алюминийи Озарбойҷон ба имзо расида буд.
XS
SM
MD
LG