Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 кушта дар ҳамлаи маргталабона дар Қандаҳор


Рӯзи шанбе дар як ҳамлаи маргталабона дар вилояти Қандаҳори Афғонистон дастикам 5 кас кушта шуд. Сухангӯи ISAF Адам Вояк гуфт, дар ин ҳамла як сарбози эътилоф ва як мулкие, ки низ барои нирӯҳои эътилоф кор мекард, ҷон бохта, бақияи қурбониҳо аз нирӯҳои амниятии Афғонистонанд.Сухангӯи волии Қандаҳор Ҷовид Файсал гуфт, ҳамлагар пиёда буда, камарбанди пур аз маводи мунфаҷираашро дар як посгоҳ дар наздикии идораи амнияти улусволии Маъруф таркондааст.
XS
SM
MD
LG